Дар Душанбе ҳамагӣ 16 собиқадори ҷанг мондааст

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба собиқадоронро имзо кард. Кумаки яквақтаи молиявӣ ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида мешавад. Ба 16 собиқадори ҶБВ, ки имруз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба собиқадоронро имзо кард.

Кумаки яквақтаи молиявӣ ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида мешавад.

Ба 16 собиқадори ҶБВ, ки имруз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, гуфт ба Азия-Плюс як манбаъ аз маъмурияти шаҳрдорӣ.

Инчунин ба 310 нафар маъюбони ҷанги Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ақибгоҳ ордену медалҳои СССР-ро гирифтаанд, ва ҳамчунин оилаҳои ҳалокшудагон дар Душанбе ҳангоми барқароркунии сохти конститутсионии кишвар ба ҳар кадоме 800 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, барои ҳавасманд кардани шахсони дар боло зикршуда каме бештар аз 316 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Муовинони расиони ноҳияҳои пойтахт вазифадор шуданд, ки то 6 май кумакҳоро ба шахсони дар боло зикршуда расонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.