Тирандозӣ дар як мактаби Қазон: 7 кӯдаку 1 омӯзгор ҳалок ва 20 нафар захмӣ шуд

Субҳи рӯзи 11 май дар мактаби №175-и шаҳри Қазони Русия тирпарронӣ рух дода, як шахси мусаллаҳ вориди мактаб мешавад ва тир мепарронад. Тибқи маълумоти хабаргузориҳои ТАСС ва “Интерфакс” ҳамлагарон 2 нафар будаанд. Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонв изҳор доштааст, ки яке аз ҳамлагарон – ҷавони 19 сола боздошт шудааст. Ҳамлагари дигарро баъдтар хадамоти махсус нобуд карданд, […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 11 май дар мактаби №175-и шаҳри Қазони Русия тирпарронӣ рух дода, як шахси мусаллаҳ вориди мактаб мешавад ва тир мепарронад.

Тибқи маълумоти хабаргузориҳои ТАСС ва “Интерфакс” ҳамлагарон 2 нафар будаанд.

Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонв изҳор доштааст, ки яке аз ҳамлагарон – ҷавони 19 сола боздошт шудааст. Ҳамлагари дигарро баъдтар хадамоти махсус нобуд карданд, хабар додаанд ТАСС ва Интерфакс бо истинод ба манбаъҳо, менависад Би-Би-Си.

Президенти Тотористон Рустам Миннихонов аз мактаб боздид намуда, дар бораи 7 нафари ҳалокшуда маълумот додааст.

“Мо 7 кӯдакро талаф додем. Хонандагони синфи 8-ум. Чор писар ва се духтар. Онҳо дар ошёнаи сеюм ҳалок шудаанд”, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ низ аз фавти ҳафт нафар кӯдакон хабар додааст.

Баъди чанде дар шаҳрдории Қазон изҳор доштаанд, ки боз як муаллима ҳам аз тирандозӣ ҳалок шудааст ( ҳамагӣ 8 нафар, ки 7-нафарашон ноболиғонанд).

Дар дафтари матбуоти роҳбари Тотористон ба РИА Новости иттилоъ додаанд, ки 7 нафар кӯдаку 1 нафар муаллима ҳалок ва 20 нафар захмӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.