КҲФ: То 17 май хавфи болоравии об дар дарёҳо зиёд аст

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи […]

Asia-Plus

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар чунин вазъи обуҳаво эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Масофаи муқарраршударо зимни ҳаракат қатъиян риоя намоянд.

КҲФ бори дигар ба моҳигирон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. Соҳили ин гуна дарёҳо дар рӯзҳои боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд.

Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 14 май бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани амалҳои муассири муштарак барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ рух доданд, дар шаҳри Кӯлоби  вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (REACT) баргузор шуд.

Зимни ҷаласа роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар таъкид доштанд, ки барои расонидани ҳар кумаки имконпазир ба осебдидагон омодаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари офати табиӣ 9 нафар ҳалок шуд. Ҳадди ақалл дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба манзили сокинон, заминҳои кишт, иншооти ёридиҳанда осеб расонида шуд.

Бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 13 май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт зери обу лойқа монда, роҳҳои мошингард шуста шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.