Гарм мешавад. Ин ҳафта дамои ҳаво аз 30 дараҷа поин намеравад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯйии обуҳаворо дар ҷумҳурӣ барои як ҳафтаи оянда нашр кард. Бино ба ин маълумот, нимаи аввали ҳафта қаламрави Тоҷикистон зери таъсири обуҳавои хеле гарм хоҳад буд, ки аз самти ҷануб меояд. Қариб дар тамоми қаламрави кишвар обуҳавои хушку аксаран камабр дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ баъзан борон борида, раъду барқ […]

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯйии обуҳаворо дар ҷумҳурӣ барои як ҳафтаи оянда нашр кард. Бино ба ин маълумот, нимаи аввали ҳафта қаламрави Тоҷикистон зери таъсири обуҳавои хеле гарм хоҳад буд, ки аз самти ҷануб меояд.

Қариб дар тамоми қаламрави кишвар обуҳавои хушку аксаран камабр дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ баъзан борон борида, раъду барқ пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат рӯзона то 32-34 дараҷа ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ то 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба баъзан боридани борон рӯзҳои 18-22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин болоравии сатҳи об дар дарёҳо дар назар аст.

Дар Душанбе ин ҳафта обуҳавои абрноки тағйирёбанда ва бидуни боришоти назаррас пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.