Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозиҳо бо Ироқу Таиланд ва Мянмару Ҷопон омодагӣ мегирад

Омодагиро ба вохӯриҳои мазкур тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май дар Душанбе оғоз намуда, рӯзи шанбеи 22-юми май, субҳи барвақт бо хатсайри ҳавоӣ тавассути Дубай ба Басра парвоз мекунад. Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, бозӣ бо мунтахаби миллии Ироқ рӯзи 24-уми май дар Басра баргузор мешавад. Баъд аз бозӣ бо тими миллии Ироқ дастаи […]

Asia-Plus

Омодагиро ба вохӯриҳои мазкур тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май дар Душанбе оғоз намуда, рӯзи шанбеи 22-юми май, субҳи барвақт бо хатсайри ҳавоӣ тавассути Дубай ба Басра парвоз мекунад.

Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, бозӣ бо мунтахаби миллии Ироқ рӯзи 24-уми май дар Басра баргузор мешавад. Баъд аз бозӣ бо тими миллии Ироқ дастаи мо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар карда рӯзи 29-уми май бо тими миллии Таиланд бозӣ мекунад.

Баъд аз ин, миллипӯшони футболи кишвар ба Осакаи Ҷопон сафар карда, дар он ҷо дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 7-уми июн бо тими миллии Ҷопон ва рӯзи 15-уми июн бо тими миллии Мянма рақобат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ба рӯйхати ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон 25 бозингар шомил ҳастанд, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 7 кас муҳофизатгар, 10 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамалагар мебошанд.

Ба ҳайати тими миллӣ дар ин бозиҳо 7 бозингаре, ки дар бошгоҳҳои футболи хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, даъват шудаанд, ки инҳо  – муҳофизатгарон Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), ниммуҳофизон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), инчунин ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия) ва Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.