Як сокини Рӯшонро бо гумони корд задани сокини дигари ноҳия боздошт кардаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод сокини дигари ин ноҳияро бо корд задааст. Ба гуфтаи ВКД ин сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки аз он ном бурда нашудааст, пештар ҳам бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст. Бино ба […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод сокини дигари ин ноҳияро бо корд задааст.

Ба гуфтаи ВКД ин сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки аз он ном бурда нашудааст, пештар ҳам бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.

Бино ба навиштаи дафтари матбуоти ВКД "номбурда ҳангоми дар маркази ноҳия, дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст". 

Ҷабрдидаи ин ҷанҷол дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВКД аз боз шудани парванда чизе нагуфтааст ва танҳо гуфтааст, ки "аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?