Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, пешбарии номзадии ӯ дар иҷлосияи якуми имрӯзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум якдилона дастгирӣ ёфт.
Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 ва моҳи марти соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда буд.
Интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27-уми марти соли равон доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.
Мувофиқи пешгӯии аксари сиёсатшиносон ва коршиносони тоҷик, Рустами Эмомалӣ натанҳо узви Маҷлиси миллӣ, балки раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб мешавад.
Ба ин тариқ, ӯ дар ояндаи наздик аз лиҳози ҳуқуқӣ баъд аз раисҷумҳур расман шахси дуюм дар Тоҷикистон шуда метавонад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 71 Конститутсияи Тоҷикистон, ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.