Таъини мудирони муваққатӣ дар “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки барҳам мехуранд, мудирони муваққатӣ таъин кард.

Бино ба иттилои БМТ, то таъин шудани мудири махсус аз ҷониби суд “Агроинвестбонк”-ро Даврон Тухтаров ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро Ҷамшед Абдураҳимов идора мекунанд.

“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд”, – омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ ҷойгир намудааст.

“Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд”, – зикр мешавад дар маълумоти БМТ.

Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи бонк БМТ мудири муваққатӣ таъин мекунад.

Худи ҳамон рӯз Бонки миллӣ бо ариза ба суд (дар ин ҳолат – Суди иқтисодии шаҳри Душанбе) муроҷиат менамояд, ки мудири махсус таъин карда, дар бораи маҷбурӣ барҳамдиҳии ташкилот қарор қабул мекунад. Рӯйхати номзадҳо ба вазифаи мудири махсус аз ҷониби Бонки миллӣ пешниҳод мешавад.

Пас аз таъини мудири махсус ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳҳомон, шӯрои наозирот, раёсат, раис) қатъ гардида, мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк мешавад.

Ҷараёни барҳамдиҳии бонк муҳлати на беш аз ду соли тақвимиро дар бар гирифта, дар сурати зарурат бо дархости мудири махсус суд метавонад онро боз ба муҳлати ду сол дароз кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...