Тоҷикистону Ӯзбекистон мехоҳанд будубоши шаҳрвандони якдигарро содатар кунанд

Пойгоҳи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон www.adlia.tj лоиҳаи созишномаеро нашр кардааст, ки тибқи он Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф доранд, будубоши шаҳрвандони якдигарро дар қаламравҳои худ, содатар кунанд. Гуфта мешавад  Эмомалӣ Раҳмон ин санадро таъйид кардааст. ӣБар асоси ин санад шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди якддигар дар 10 рӯзи корӣ ниёз ба сабти номи муваққатӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пойгоҳи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон www.adlia.tj лоиҳаи созишномаеро нашр кардааст, ки тибқи он Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф доранд, будубоши шаҳрвандони якдигарро дар қаламравҳои худ, содатар кунанд.

Гуфта мешавад  Эмомалӣ Раҳмон ин санадро таъйид кардааст. ӣБар асоси ин санад шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди якддигар дар 10 рӯзи корӣ ниёз ба сабти номи муваққатӣ надоранд.  

Дар банди дигари ин тағйирот гуфта мешавад, ки агар қонунгузории миллии яке аз тарафҳо шароити беҳтаре аз ин созишномаро фароҳам орад, он меъёрҳои қонунгузории миллӣ амал хоҳанд кард.

Тағйирот ба созишнома дар доираи сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки интизор меравад, рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 сурат гирад, ворид гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи сафари Мирзиёев ба Душанбе имзои як қатор созишномаҳо, аз ҷумла содасозии ҳамлу нақл ва сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар дар назар аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.