Ҳукумат ҳанӯз барои тағйирот ба Кодекси оила “ҳа” ё “не” нагуфтааст.

Пешниҳоди як гурӯҳи вакилони парлумони Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ дар мавриди масоили дахлнопазирӣ (масъуният)-и ҷинсӣ то ҳол бе посух боқӣ мемонад. Ин пешниҳодҳо ҳанӯз се моҳ пеш – моҳи марти соли ҷорӣ ироа шуда, лекин ҳукумат алҳол хомӯширо ихтиёр кардааст. “То имрӯз доир ба ин масъала ҳукумат на ризоят ва […]

Пешниҳоди як гурӯҳи вакилони парлумони Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ дар мавриди масоили дахлнопазирӣ (масъуният)-и ҷинсӣ то ҳол бе посух боқӣ мемонад.

Ин пешниҳодҳо ҳанӯз се моҳ пеш – моҳи марти соли ҷорӣ ироа шуда, лекин ҳукумат алҳол хомӯширо ихтиёр кардааст.

“То имрӯз доир ба ин масъала ҳукумат на ризоят ва мухолиф буданашро баён кардааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар.

Ёдрас мекунем, ки ин тағйирот ба афроде дахл доранд, ки барои ҷиноятҳо алайҳи озодӣ ва дахлнопазирии  ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони синни то 16-сола ва ҳамчунин ба афроди машғул ба ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ё даллагӣ бо мақсади тамаъҷӯйӣ аз ин амал, дахл доранд.

Вакилони парлумон, ки ворид намудани тағйиротро ба Кодекси оила пешниҳод намуданд, бар ин назаранд, ки чунин шахсон бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ, парлумони Тоҷикистон бидуни таъйиди ҳукумат ҳама гуна қонун ё тағйирот ба онҳоро қабул карда метавонад, вале дар таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон ин гуна ҳолат то кунун собиқа надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.