Иштироки беш аз 400 нафар дар марафони «Велосипед барои табиат» дар Душанбе

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 5 июни соли равон таҳти унвони «Велосипед барои табиат» марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи зисти ҷумҳурӣ, аз субҳи барвақт ҷавонону наврасони зиёде бо велосипедҳояшон дар назди даромадгоҳи марказии Муассисаи […]

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 5 июни соли равон таҳти унвони «Велосипед барои табиат» марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи зисти ҷумҳурӣ, аз субҳи барвақт ҷавонону наврасони зиёде бо велосипедҳояшон дар назди даромадгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт ҷамъ омада буданд.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози марафон ба иштирокчиёни марафон – велосипедронҳои касбӣ ва дӯстдорони велосипедронӣ, ки шумораашон наздики 400 нафарро ташкил медод, майкаҳо бо навиштаҷоти «Иқдомоти иқлимӣ» ва обҳои ташнашикан тақсим карда шуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо суханҳои табрикотӣ баромад намуданд.

Зимни суханронии онҳо иқдомҳои созандаи сарвари давлат ва раиси пойтахт доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаву канори Ватан, бахусус шаҳри Душанбе зикр карда шуд.

Аз хатти оғоз – аз шоҳроҳи назди даромадгоҳи марказии Наврӯзгоҳи пойтахт то роҳи ҳалқагии муҷассамаи Товус ва бозпас, ки масири он 7,5 км-ро ташкил медод, тибқи тартиби муқарраргардида нахуст велосипедронҳои касбӣ ба ҳаракат даромаданд.

Дар қатори дуюм паролимпиадачиёни велосипедрон, қатори сеюм — наврасон, дар қатори чорум бонувон ва қатори панҷум ҳавасмандон бо фосилаи муайян саф оростанд. Дар қатори иштирокчиёни веломарафон ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зикр мегардад, ки раиси Кумита Баҳодур Шерализода ва муовинони раиси пойтахт М.Муинӣ ва Т.Раҳимзода мукофотуҳои пулӣ ва медалу ифтихорномаҳои кумитаи тадорукотро ба ғолибон супурданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.