Ҳунармандони ӯзбек ба Душанбе омаданд

Бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Онҳо дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки рӯзи 10 июн дар маҷмааи “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин […]

Бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Онҳо дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки рӯзи 10 июн дар маҷмааи “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев доир мегардад, иштирок мекунанд.

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ширкат меварзанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки Ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва Озодбек Назарбеков низ ба ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя шомиланд, лекин дирӯз байни ҳунармандони ба Душанбе омада онҳо ҳузур надоштанд.

“Онҳо пагоҳ, субҳи 9 июн ба Душанбе меоянд”, – хабар дод манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати ходимони фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” иқомат дошта, аллакай ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷики худ ба корҳои омодагии консерти “Шоми Дӯстӣ” пардохтаанд.

Тавре интизорӣ меравад, аз Тоҷикистон дар консерт овозхонҳои маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, сарояндагони “Шашмақом” ва гурӯҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар ин консерт ба ҷуз сарони кишварҳо, инчунин аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бо даъвати сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар барнома сафари сарони кишварҳо ба шаҳри Хуҷанд низ дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.