Соли 2020 ҳаҷми савдои Тоҷикистону Эрон 57,7 млн долларро ташкил дод

Соли 2020 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон 57,7 млн долларро ташкил дод. Аз ин маблағ 9,4 млн ба содирот ва 48,4 млн доллар ба воридоти мол аз Эрон рост меояд. Дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишвар ҳиссаи гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон ба 1,3% баробар аст. Ин маълумот дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Соли 2020 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон 57,7 млн долларро ташкил дод. Аз ин маблағ 9,4 млн ба содирот ва 48,4 млн доллар ба воридоти мол аз Эрон рост меояд.

Дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишвар ҳиссаи гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон ба 1,3% баробар аст.

Ин маълумот дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ рӯзи 7 июн дар Душанбе садо дод, хабар медиҳад ИРНА.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳо воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо мебошад.

“Халқҳои мо робитаҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дошта, ин барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад, – гуфт Далер Ҷумъа. – Имконоти истифоданашудаи ҳар ду кишвар ҳоло ҳам бузург аст, ки дар муносибатҳои дуҷониба нақши назаррас дошта метавонад”.

Ризо Ардакониён дар навбати худ зикр кард, ки Эрон яке аз аввалин кишваре буд, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд.

Ӯ аз дархост ва пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи тавсеъаи сармоягузориҳои саноатии Эрон ба Тоҷикистон истиқбол кард.

“Ҳалли мушкилоти бонкӣ заминаест барои рушди сармоягузориҳои Эрон. Яке аз самтҳои муҳими густариши мунсибатҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо мавҷуд будани муносибатҳои бонкӣ байни онҳост ва ҳар ду ҷонибро лозим аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо Эрон дар соҳаҳои электроэнергетика, сохтмони роҳу нақлиёт, алоқа, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноат ва дигар бахшҳо манфиатдор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.