Юлдуз Усмонова барои душанбегиҳо ҳунарнамоӣ мекунад

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни рӯзи 11 июн консерти ҳунармнадони Ӯзбекистон доир мегардад. Шоми таронаву мусиқӣ бо иштироки Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамз Усмонов, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон”, “Тошканд зеболари”, Оғобек Зокиров ва дигар овозхонҳо соати 18:00 оғоз мегардад. Билетҳоро ба консерт то ҳол метавон дар хазинаҳои театр […]

Наима Раҷабова, Asia-Plus

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни рӯзи 11 июн консерти ҳунармнадони Ӯзбекистон доир мегардад.

Шоми таронаву мусиқӣ бо иштироки Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамз Усмонов, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон”, “Тошканд зеболари”, Оғобек Зокиров ва дигар овозхонҳо соати 18:00 оғоз мегардад.

Билетҳоро ба консерт то ҳол метавон дар хазинаҳои театр ва ё тариқи низоми echipta.tj дастрас намуд. Лекин қариб ҳамаи билетҳо аллакай фурӯхта шудааст.

Билет дар балконҳои театр 80 сомонӣ нарх доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Ҳайати ходимони фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” иқомат дошта, аллакай ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷики худ ба корҳои омодагии консерти “Шоми Дӯстӣ” пардохтаанд.

Пагоҳ, 10 июн зиёда аз 100 нафар ҳунармандони ӯзбек дар консерт таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” дар “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.