Даргузашти Салимшо Ҳалимшо, шоири саршиноси тоҷик дар синни 85-солагӣ

Салимшо Ҳалимшо шоир ва донишманди саршиноси тоҷик дар синни 85-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон хабар дод. Салимшо Ҳалимшо солҳои ахир бар асари беморӣ ва пиронсолӣ хонанишин буд. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи ӯ имрӯз, соати ати 16.00 дар […]

Мазҳаб Ҷумъа

Салимшо Ҳалимшо шоир ва донишманди саршиноси тоҷик дар синни 85-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.

Салимшо Ҳалимшо солҳои ахир бар асари беморӣ ва пиронсолӣ хонанишин буд. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи ӯ имрӯз, соати ати 16.00 дар назди хонааш, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 10 (пушти бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ) баргузор мегардад.

Салимшо Ҳалимшо аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ  таваллуд шуда, фориғуттаҳсили риштаи забону адабиёти факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1960 буд.

Ӯ солҳои зиёде ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Шоир нимаи дувуми солҳои 60-уми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» ва «Киштии Инқилоб» мебошанд.

Ба навиштаи торнамои Иттиҳодияи нависандагон "ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишорёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайра шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангинро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд".

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.

Барои корҳои адабиёш унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ»-ро соҳиб шуда бу.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.