Ҷойи сохтмони бинои сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе дигар шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки лоиҳаи протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба ҳамдигар ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагии дипломатии кишварҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонида шавад. Дар лоиҳаи протокол, ки дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ нашр шудааст, гуфта мешавад, барои бунёди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки лоиҳаи протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба ҳамдигар ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагии дипломатии кишварҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонида шавад.

Дар лоиҳаи протокол, ки дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ нашр шудааст, гуфта мешавад, барои бунёди бино ва иншооти намояндагии дипломатии Ӯзбекистон қитъаи замини холӣ аз сохтмонҳо ва коммуникатсияҳои транзитӣ ҷудо карда мешавад.

Қитъаи пешниҳодмешуда бо майдони умумии 1,2 гектар дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои пойтахт воқеъ аст.

Ин қитъаи замин муддати 49 сол дар ихтиёри ҳукумати Ӯзбекистон қарор гирифта, маблағи пардохти иҷора 1 долларро ташкил медиҳад.

Қаблан мутобиқи созишномаи моҳи августи соли 2018 байни ҳукуматҳои ду кишвар имзошуда, барои бинои сафорати Ӯзбекистон қитъаи замин дар хиёбони Абӯали ибни Сино пешниҳод гардида буд.

Мувофиқи қарордоди ҳосилшуда, барои сохтмони бинои сафорат дар Тошканд ба Тоҷикистон дар мавзеи буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзор қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

ВАО-и Ӯзбекистон қаблан хабар дода буданд, ки қаламраве, ки дар он сафорати Тоҷикистон дар Тошканд сохта мешавад, дар маҳаллаи Себзор воқеъ аст.

Зикр гардида буд, ки соли 2018 дар кӯчаи ҳамноми ин ҷо барои сохтмони сафоратхонаҳои Ҳиндустону Чин ва Тоҷикистон 79 манзили хусусӣ кӯчонида шуд.

Айни замон сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе дар кӯчаи Саноӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.