Афсари амрикоии дар қатли Сулаймонӣ дастдоштаро мурда дарёфтанд

Низомии амрикоӣ Ҷеймс Уиллис даргузашт. Ӯро яке аз иштирокчиёни амалиёти қатли фармондеҳи воҳиди махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ)-и Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ медонанд, хабар медиҳад News.ru. Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Эрон, Уиллис яке аз “иҷрокунандагони куштори фармондеҳи воҳиди махсуси СПИИ Қосим Сулаймонӣ мебошад, ки пас аз марги ӯ Эрон ба пойгоҳҳои низомии Иёлоти […]

Asia-Plus

Низомии амрикоӣ Ҷеймс Уиллис даргузашт. Ӯро яке аз иштирокчиёни амалиёти қатли фармондеҳи воҳиди махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ)-и Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ медонанд, хабар медиҳад News.ru.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Эрон, Уиллис яке аз “иҷрокунандагони куштори фармондеҳи воҳиди махсуси СПИИ Қосим Сулаймонӣ мебошад, ки пас аз марги ӯ Эрон ба пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад.

Дар бораи марги афсар Уиллис қаблан Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) иттилоъ дода буд, лекин дар торнамои вазорат доир ба нақши афсар дар куштани генерал чизе гуфта нашуда буд. Дар бораи бо кадом сабаб ҳалок шудани афсар маълумот дода намешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиа, Уиллис ба амалиёти “Азми тазулзулнопазир" (Непоколебимая решимость) дар Ховари Миёна сафарбар шуда, дар пойгоҳи низомии ҳавоии ИМА дар Қатар бар асари “ҳодисае, ки ба амалиёти ҳарбӣ дахл надорад”, ҳалок шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 3 январи 2020, генерал Қосим Сулаймонӣ ба ҳамроҳии чанд шахсияти эронӣ ва ироқии дигар, ҳангоми як амалиёти террористӣ дар атрофи фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ мавриди ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифта, ба шаҳодат расиданд.

Субҳи 8-уми январ Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад, ки дар натиҷа то 100 нафар ҳалок шуданд. Лекин Вашингтон ин маълумотро рад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.