Далели сӯхтори “заправка” дар Айнӣ маълум шуд: хисорот беш аз 100 ҳазор сомонӣ

Cӯхторе, ки дирӯз дар наздикии нуқтаи сӯзишвории “Газ нафт” воқеъ дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дода буд, бар асари оташ гирифтани зарфи сӯхтгирии 8 тоннаӣ будааст. Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пештар ба ширкати "Умед 88" марбут буд, ки соли гузашта мақомот онро бо 4 миллиону 10 ҳазор сомонӣ фурӯхта буданд. Гуфта мешавад як ронанда бо […]

Cӯхторе, ки дирӯз дар наздикии нуқтаи сӯзишвории “Газ нафт” воқеъ дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дода буд, бар асари оташ гирифтани зарфи сӯхтгирии 8 тоннаӣ будааст. Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пештар ба ширкати "Умед 88" марбут буд, ки соли гузашта мақомот онро бо 4 миллиону 10 ҳазор сомонӣ фурӯхта буданд.

Гуфта мешавад як ронанда бо мошини “Дулан манипулятор” қасд дошт ин зарфро аз Айнӣ ба Хуҷанд орад, вале ҳангоми болои мошин гузоштани он, якбора ҳам зарф ва ҳам мошин оташ гирифтааст.

Ин ҳодиса соати тахмин 10:20 дақиқаи рӯзи 1-уми июл дар сари роҳи шоҳроҳи “Хуҷанд-Душанбе”, дар наздикии нуқтаи сӯзишвории “Газ нафт” рух дод. Масъулони ин нуқтаи фурӯши маводи сӯхт мегӯянд, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ, бар асари сӯхтор нуқтаи сӯзишвории “Газ нафт” осеб надидааст, танҳо мошини борбардор ва зарфи сӯзишворӣ, ки гуфта мешавад маводи сӯхти зиёде ҳам надошт, комилан сӯхтааст. Ҳамчунин истгоҳе, ки мошин дар он қарор дошт низ ба коми оташ рафтааст.

Бобоҷон Аминзода сардори ин ниҳод дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамагӣ баъди чаҳор дақиқа ба ҷойи ҳодиса омаданд ва оташро хомӯш карданд.

“Сӯхтор тахмин 50 метр дуртар аз нуқтаи сӯзишвории “Газ нафт” ва 10-15 метр дуртар аз зарфҳои захираи маводи сӯхт сар задааст. Ҳангоме, ки болои мошини “Дулан манипулятор” зарфи газро бор мекунанд ҷӯмак (крайник)-и зарф мешиканад ва гази боқимондае, ки дар зарф будааст, рехта оташ мегирад. Дар натиҷа мошин пурра сӯхта болопӯши як ҳоҷатхона осеб дид. Балонҳои мошин оташ мегирад ва дуди сиёҳ осмон мехезад, аммо ҳеч гуна аломатҳои таркиш набуд”.

Ин мошини борбардори “Дулан манипулятор” ба сокини 30 солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Қодиров тааллуқ доштааст. Бо ин мошин ин зарфро ба Хуҷанд мебурд.

Масъулини оташнишонӣ мегӯянд, ронанда пеш аз оғози кор мебоист онҳоро огаҳ мекард ва ҳамчун чораи эҳтиётӣ ягон намоянда ё мошини оташнишониро даъват мекард, аммо ин корро накардааст. Гуфта мешавад нисбати чунин ҳодиса дар асоси моддаи 473 қисми 1-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ  “Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор” парвандаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Газ нафт” қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошт ва соли 2020 Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд гуфта буд онро ба  маблағи 4 миллиону 10 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.

Он замон гуфта буданд, баъди зиндони шудани Раҷабалӣ Одинаев роҳбари “Умед 88” ду нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкатро дар ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров тариқи музояда фурӯхтанд, ки боз панҷ нуқтаи дигари ин ширкат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Сипитамен харидорӣ худро наёфтааст.

Мақомот гуфта буд маблағи аз фурӯш ба даст омада ба манфиати давлат гузаронида мешавад ва ҳар як нуқтаи сӯзишворӣ на камтар аз 2 миллион сомонӣ арзиш дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.