Литсейи рақами 1-и шаҳри Душанбе барои кӯдакони лаёқатманд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, овозаҳо дар бораи гӯё ба карантин баста шудани он асоси воқеӣ надоранд.
Ҳамзамон дар ин муассиса чораҳои пешгирии сироят пурзӯр шудаанд: ҳангоми вуруд ба литсей ҳарорати бадан санҷида шуда, ба дастон антисептик мепошанд.
Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода изҳор дошт: “Тайи ҳафтаҳои охир ягон ҳолати бемор шудани омӯзгорон ё хонандагон ба қайд гирифта нашудааст. Тамоми омӯзгорон солиманд. Машғулиятҳо тибқи тартиб идома доранд”.
Омӯзгори 59-солаи омодагии ҳарбии ин литсей рӯзи 14-уми апрел бинобар нотобӣ аз кор ҷавоб гирифт. Расо баъд аз як ҳафта ӯ дар беморхона вафот кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.