Сангандозӣ ба сӯи якдигар. Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Шаби гузашта сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дар ин бора “Спутник Қирғизистон” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Ботканд, дар чорроҳаи Ботканд-Исфара ва Исфара-Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаби гузашта сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дар ин бора “Спутник Қирғизистон” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Ботканд, дар чорроҳаи Ботканд-Исфара ва Исфара-Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст будаанд.

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои таъйиди ин хабар дар ин ниҳод натиҷа надод.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии қирғиз, тоҷикон ба сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон, ки савори ду мошин дар роҳи Ботканд-Исфара буданд, санг андохтанд.

– Дере нагузашта, сокинони як деҳаи марзии Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва онҳо низ ба сангандозӣ ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд,-гуфтааст ин ниҳод.

Манбаъ менависад, ки бо мақсади пешгирии шиддат гирифтани низоъ, сарҳадбонон бо кормандони ВКД Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки пас аз он сокинони маҳаллӣ пароканда шуданд.

– Сардорони шӯъбаҳои мақомоти дохилии ҳарду тараф  ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагони тартибот ҷаласа баргузор кунанд ", – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки феълан вазъ дар минтақаи мазкур мӯътадил ва зери назорат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.