Қариб ними ҷубронипулии амонатгузорони “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” пардохта шудааст

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад. Ба иттилои сомонаи расмии Хазина, ҳудуди 37% пасандоздорони “Агроинвестбонк” то рӯзи душанбеи ҳафтаи равон аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии ба онҳо муқарраршударо гирифтаанд. Аз тарафи бонк-агент […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад.

Ба иттилои сомонаи расмии Хазина, ҳудуди 37% пасандоздорони “Агроинвестбонк” то рӯзи душанбеи ҳафтаи равон аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии ба онҳо муқарраршударо гирифтаанд.

Аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 160 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ, ки 37 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Барои хизматрасонӣ ба пасадоздорони “Агроинвестбонк” 71 воҳиди “Амонатбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.

Гуфта мешавад, аз 23 июн то 6 июл 55% аз маблағи умумии ҷубронпулии суғуртавӣ ба пасандоздорони дигар бонки барҳамёфта – “Тоҷиксодиротбонк”пардохта шудааст.

Тибқи ҳисоботи ҷории Хазина, аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 1 974 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ, ки 55 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Барои хизматрасонӣ ба пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” 33 воҳиди “Ориёнбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.

Мувофиқи қонунгузорӣ, ҷараёни пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ дар муддати як сол аз замони фаро расидани ҳолати суғуртавӣ амалӣ мешавад.

“Аз ин рӯ, амонатгузорон дар ҳама гуна вақти барояшон қулай лар давоми сол то анҷоми расмиёти пардохт ба бонк-агентҳо муроҷиат карда метавонанд”, – таъкид доштанд дар Хазина.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли равон бозхонд кард. Шаш сол пеш ин бонкҳо қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.