Қазияи сарбози посбони Додситонии кулл махфӣ таҳқиқ мешавад. Ин қазияро худкушӣ медонанд

Date:

Сарбози Гвардияи  миллии ҷумҳурӣ, ки дар бинои Додситонии кулли  Тоҷикистонро посбонӣ мекард, шаби 14 июл аз чор тири автомати Калашников ҳалок шуд.

“Чор тир манаҳро сӯрох карда, аз сар гузаштаанд. Ташхиси аввалия онро худкушӣ муқаррар намуд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ чиз сарбозро ба ин амали фоҷеабор водор кардааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Дар идома манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзид. Аз ному насаби сарбоз низ хабар дода намешавад.

Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе низ ин ҳодисаро тасдиқ намуда, лекин изҳор доштанд, ки “қазия махфӣ таҳқиқ шуда, шарҳу тавзеҳ дода намешавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...