Бо фармони президент: омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомот ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ санҷида шуд

Дар Тоҷикистон, ин субҳ дар саросари кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид. Ин кор бо фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки гуфта мешавад бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сурат мегирад.  Бино ба иттилои хабаргузории "Ховар" […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон, ин субҳ дар саросари кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Ин кор бо фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки гуфта мешавад бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Бино ба иттилои хабаргузории "Ховар" дар ин ҳамоиш 100 ҳазор нафар хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Ин ҳамоиш дар як вақту соат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш таъкид кард, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.