Захираҳои тиллову асъори Бонки миллӣ кам шуд

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 7,5 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил доданд, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев. Ба гуфтаи Нуралиев, дар ин давра 95%-ро дар сохтори захираҳои байнулмилалии Бонки миллӣ асъори хориҷӣ ва 5%-ро ҳиссаи тилло ташкил дод. Дар бораи арзиши […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 7,5 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил доданд, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи Нуралиев, дар ин давра 95%-ро дар сохтори захираҳои байнулмилалии Бонки миллӣ асъори хориҷӣ ва 5%-ро ҳиссаи тилло ташкил дод.

Дар бораи арзиши умумии захираҳои байнулмилалӣ дар ифодаи пулӣ, инчунин ҳаҷми хариду фурӯши тилло дар 6 моҳи соли равон маълумот дода нашуд.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2020 ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридот дар ифодаи пулӣ 262 млн долларро ташкил додааст.

Бо ин назардошт, метавон тахмин зад, ки захираҳои тиллову асъори БМТ то нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд 965 млн долларро ташкил додааст, ки 262 млн доллар камтар нисбат ба аввали сол аст.

Камшавии ҳаҷми ин захираҳо шояд ба фурӯши тилло ба хориҷа вобаста бошад: тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи 5 моҳи соли равон зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти Тоҷикистонро фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо ташкил медиҳад.

Қаблан зикр гардида буд, ки Бонки миллӣ захираҳои байнулмилалии худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.

Аввали соли равон захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон 8,5 моҳи муҳлати рӯйпӯши воридотро ташкил дода буданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъор дар ихтиёр дорад. Маълумот дар бораи ин захираҳо ифшо намегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.