Молики чарогоҳҳои Тоҷикистон бояд киҳо бошанд?

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ба киҳо тааллуқ доштани чарогоҳҳои кишвар изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, ахиран дар бораи аз ҷониби шахсони сарватманд харидорӣ шудани чарогоҳҳо ва бидуни иҷорапулӣ ба он роҳ надодани чаронидани чорво арзу шикоятҳо зиёд шудааст. Ориф Хоҷазода […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ба киҳо тааллуқ доштани чарогоҳҳои кишвар изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран дар бораи аз ҷониби шахсони сарватманд харидорӣ шудани чарогоҳҳо ва бидуни иҷорапулӣ ба он роҳ надодани чаронидани чорво арзу шикоятҳо зиёд шудааст.

Ориф Хоҷазода дар нишасти матбуотӣ дар ин робита зикр кард, дар ин самт корҳои муайян роҳандозӣ шудааст.

“Чарогоҳҳо бояд ба шахсоне тааллуқ дошта бошанд, ки ба чорводорӣ машғуланд”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, 93% чорвои хонагӣ ва 82% чорвои хурди шохдор ба аҳолӣ тааллуқ дошта лекин 70%-и чарогоҳҳо дар Тоҷикисон дар моликияти хоҷагиҳои фермерӣ қарор доранд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буд, ки чарогоҳҳо дар Тоҷикистон монополия (инҳисор) шудаанд.

“Дар баъзе ноҳияҳо, ки шумори аҳолӣ то 200 ҳазор нафар мерасад, ҳамаи чарогоҳҳоро 10-15 нафар азхуд кардаанд. Бахусус чарогоҳҳоеро, ки дар назди деҳот воқеъанд. Шахсоне, ки шиносу робитаҳо ва дастгирӣ доранд, ҳамаи чарогоҳҳоро ба дасти худ гирифтаанд”, – гуфта буд вакили парлумон.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала зикр карда буд, ки зимни тақсимоти чарогоҳҳо бояд назари аҳли ҷомеа ба инобат гирифта шавад.

Ба гуфтаи ӯ, чарогоҳҳо нодуруст тақсим шудаанд, аз ин рӯ, сокинон ҳатто заминҳои назди деҳаи худро истифода бурда наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.