Бешухӣ: Ширкати Apple ба Тоҷикистон андоз пардохт кард. 238 ҳазор

Date:

Ширкати “Apple” ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. То кунун ин нахустин ширкати хориҷист, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон андоз пардохт мекунад. 

Ширкати амрикоии “Apple Distribution International Limited” беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Маркази матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар байни ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳамчун шахсони воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифта буданд, ин ширкат нахустин шуда, рӯзи 16 июли соли равон барои семоҳаҳои I ва II–и соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба буҷаи Тоҷикистон пардохт кард. 

Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷапардохт намоянд.

То ҳол, 18 намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...