Бинои 13-қабатаи Донишгоҳи Хуҷанд: президент санги асосашро гузошту ҳамин тавр монд

Сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки моҳи сентябри соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санги асоси онро гузошта буд,  бо гузашти 5 сол ҳанӯз оғоз нашудааст. Ин дар ҳолест, ки он сол Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дода буд, ки замони сохтмони ин бинои 13-қабата аз 3 то 5 сол аст. Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки моҳи сентябри соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санги асоси онро гузошта буд,  бо гузашти 5 сол ҳанӯз оғоз нашудааст. Ин дар ҳолест, ки он сол Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дода буд, ки замони сохтмони ин бинои 13-қабата аз 3 то 5 сол аст.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, дар нишасти хабарӣ далели бунёд нашудани ин биноро ба баъзе омилҳои муайян марбут донист. Аммо ӯ, дақиқан нагуфт, ки кадом омилҳо боис ба оғоз нашудани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шудаанд.

“Албатта бунёд шудани ин бинои нави донишгоҳ фурсат ва имкониятро тақозо дорад ва дар ин маврид аз ҷониби ҳукумати Суғд ва бо дастури раиси вилоят имрӯз корҳо идома дорад. Ин бино минбаъд бунёд хоҳад шуд”,- гуфт ректори ДДХ.

Дар ҳоле Ҷамшед Ҷӯразода, сабаби асосии то ҳанӯз оғоз нашудани корҳои сохтмонии ин биноро равшантар шарҳ надод, ки як масъули бахши сохтмони дастгоҳи раиси вилояти Суғд гуфт, ки сохтмонро маблағгузорӣ накарданд.

Ин манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, сохтмони бино бояд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва худи ДДХ маблағгузорӣ мешуд, вале накарданд.

“Лоиҳа тайёр ва мавзеъҳо муайян аст, аммо маблағгузорӣ муаммо шуда монд, то имрӯз оғоз нашудааст. Саҳми ҳукумат дар ин сохтмон наонқадар зиёд аст. Аз сабаби он, ки донишгоҳ бахши шатрномавӣ ҳам дорад, аз ҳисоби маблағи хонишу дигар маблағҳо бояд худашон маблағгузорӣ мекарданд”.

Анвар Мирзозода сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд, низ дар нишасти хабарӣ гуфт, барои сохтмони бинои асосии ДДХ, бояд аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешуд.

Ӯ афзуд “тамоми донишгоҳҳо аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Ва он сохтмон бояд аз ҷониби вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бунёд мешуд”. 

Хабаргузории давлатии “Ховар”, 14-уми сентябри соли 2016, ҳангоми сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд навишта буд, Эмомалӣ Раҳмон санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро гузошта ба корҳои сохтмонӣ оғози расмӣ бахшид.

Вале ин корҳои сохтмонӣ ҳеч гоҳе оғоз нашуданд. Дар асоси лоиҳа бинои донишгоҳ аз 13 ошёна иборат буда, барои 5 ҳазор донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Он замон гуфта мешуд, ки дар ин бино утоқҳои кориву толорҳои маҷлис низ бунёд мешаванд.

Он замон гуфта мешуд, ки лоиҳаи ангории иншоот аз ҷониби ҶДМ «Суғд шаҳрофар» таҳия шудааст. Аммо Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ бо гузашти панҷ сол аз ин мегӯяд, “лоиҳаи бино имрӯз омода шуда истодааст.”

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадмеик Бобоҷон Ғафуров 18 факултаву 80 кафедра дорад, ки дар бештар аз 80 ришта мутахассис омода мекунад. Бештари мутахассисони ин донишгоҳ дар риштаи омӯзгорӣ мебошанд.

Ин донишгоҳ, тақрибан 900 омӯзгор ва беш аз 23 ҳазор донишҷӯ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.