МТС: мушкилоти гурезаҳои ҷанги Афғонистон то сатҳи ҷаҳонӣ расида метавонад

Пас аз хуруҷи неруҳои ҳарбӣ ва шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон, Тоҷикистон чандин маротиба изҳор намуд, ки дар сурати зарурат ба қабули гурезаҳо аз ин кишвар омода аст, лекин имконоти ҷумҳурии мо дар ин самт номаҳдуд нестанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии 26 июл дар Душанбе директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и ҷумҳурӣ Хуршед Зиёӣ. Ба […]

Пас аз хуруҷи неруҳои ҳарбӣ ва шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон, Тоҷикистон чандин маротиба изҳор намуд, ки дар сурати зарурат ба қабули гурезаҳо аз ин кишвар омода аст, лекин имконоти ҷумҳурии мо дар ин самт номаҳдуд нестанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии 26 июл дар Душанбе директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и ҷумҳурӣ Хуршед Зиёӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба сулҳу ризоият дар сарзамини Афғонистон наметавон бо зӯри силоҳ ноил шуд.

“Танҳо бо роҳи гуфтушунид ва назардошти манфиатҳои ҳамаи миллатҳои муқими Афғонистон. Дар ҳамин ҳол, “абарқудратоне” чун Чину Русия, ИМА, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо бояд бештар фаъолмандтар ба ҳалли мушкилоти Афғонистон натанҳо дар сиёсат, балки дар иқтисод ҳам мусоидат намоянд”, – гуфт роҳбари МТС.

Ӯ зикр кард, ки дар сурати такрори вазъияти монанд ба ҷанги Сурия, гурезаҳо аз Афғонистон натанҳо ба Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя, балки ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо шумули Чину Иттиҳоди Аврупо ва Русияву ИМА низ рӯ меоранд”.

Дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Эрон роҳбари МТС таъкид дошт, ки “мушкилоти ҷойдоштаро Душанбе ва Теҳрон ҳал карда, имрӯз ин муносибатҳо ба эътидол меоянд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.