Раиси вилоят омори коронавирус дар Суғдро гуфту маргро не: 349 нафар дар беморхонаву 485 кас дар хонаҳо

Раҷаббой Аҳмадзода раиси Суғд, дар нишасти хабарии имрӯзи ҳукумати вилоят эълом кард, ки дар хонаву беморхонаҳои ин вилоят дар умум 834 нафар беморони коронавирус бистарӣ ва зери табобати духтурон қарор доранд. Вай гуфт, ки аз субҳи имрӯз бори нахуст коҳиши сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд. Аммо раиси вилоят, аз омори фавтидаҳо аз коронавирус дар […]

Раҷаббой Аҳмадзода раиси Суғд, дар нишасти хабарии имрӯзи ҳукумати вилоят эълом кард, ки дар хонаву беморхонаҳои ин вилоят дар умум 834 нафар беморони коронавирус бистарӣ ва зери табобати духтурон қарор доранд. Вай гуфт, ки аз субҳи имрӯз бори нахуст коҳиши сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд.

Аммо раиси вилоят, аз омори фавтидаҳо аз коронавирус дар Суғд чизе нагуфт.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар беморхонаҳои ҳудуди вилоят 349 нафар беморон бистарӣ буда, дар хонаҳо низ 485 нафар беморон дар ҳолати сабук табобат мегиранд.

Ба гуфтаи раиси Суғд, субҳи имрӯз, бино ба маълумоти оморӣ, дар вилоят коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус бори нахуст сабти ном шудааст

“Маълумоте, ки имрӯз ба ман аз Раёсати тандурустии вилоят дастрас шуд, аз субҳи имрӯз камтар динамикаи поёнравии воридшавии беморон ба беморхона ва ҳам камшавии беморон дар дохили маҳаллаҳо ба қайд гирифтем. Бисёриҳое, ки фавтида истодаанд, тибқи хулосае, ки табибон пешниҳод карда истодаанд, асосан беморони ишимияи дил ё диабети қанддоштаҳоро ин вирус таъсири ҷиддӣ мерасонад”.  

Дар ҳамин ҳол Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, дар Бемористони клиникавии вилоятӣ 110 кас, дар бемористони марказии ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 49 ва дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд 71 бемор бистарӣ мебошанд.

Аммо ӯ дар мавриди марг аз коронавирус чизе нагуфт, ки аз оғози эъломи дигарбораи ин беморӣ аз санаи 21-уми июн то имрӯз чанд кас қурбони коронавирус ё илтиҳоби шуш шудаанд.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд,  ҳоло се беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 рахти хоб фаъолият дорад ва ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода иловатан, боз 1700 кати захиравии карантинӣ омода шудааст. Дар 21 муассисаи нигаҳдошти тандурустӣ низ 5100 рахт барои ҳолатҳои зарурии фаврӣ омода мебошад.

Ӯ илова кард, ки ба маблағи 3 миллион сомонӣ дар беморхонаҳо оксиген ва доруворӣ харидорӣ шуда, ройгон тақсим карда шудааст. “Дирӯз аз ҳисоби буҷети вилоят, боз мо  маблағҳои иловагӣ ҷудо намудем. Он оилаҳое, ки имрӯз эҳтиёҷманд ҳастанд  дар хонаҳо табобат гирифта истодаанд, суроға ба суроға ёрдам карда истодаем.”-гуфт раиси вилояти Суғд.

Бино ба иттилои мақомот, дар марҳилаи якум ба вилояти Суғд зиёда аз 32 ҳазор воя воксини “Астразенека” ворид шуда буд ва асосан кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва гурӯҳе аз аҳолӣ ва кормандони сохторҳои дигар воксин зада шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, боз 40 ҳазор воксини “Астразенека” ворид мешавад ва нафароне, ки дар марҳилаи аввал аз он воксин зада шуда буданд,  истифода мебаранд. Вай афзуд аҳолии боқимонда аз воксинаи "Модерна"-и  истеҳсоли Амрико, ки ба Тоҷикистон ворид шуд, ройгон воксин зада мешаванд.  

Раиси вилояти Суғд мегӯяд, ӯ ба тозагӣ дастур додааст, ки аз ҳисоби фонди раиси вилоят барои духтуроне, ки дар шароити сахту сангин барои табобати беморони коронавирус кор мекунанд, маблағ ҷудо шаваду ёрӣ расонанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.