Аз таркиш дар кони ангишти “Шӯроб” 1 нафар ҳалок шуд

Соати 16:00-и рӯзи 24 июл дар яке аз қитъаҳои ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари партоби ногаҳонии гази CO-CO2 дар кони ангишт таркиш ба амал омад. Дар натиҷа бар асари заҳролудшавии шадид аз газ як нафар осеб дида, ба бемористон бурда шуд, лекин наҷоти ӯ муясссар нагардид, хабар доданд аз раҳбарияти кон. “Вақти ба берун баромадан […]

Соати 16:00-и рӯзи 24 июл дар яке аз қитъаҳои ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари партоби ногаҳонии гази CO-CO2 дар кони ангишт таркиш ба амал омад. Дар натиҷа бар асари заҳролудшавии шадид аз газ як нафар осеб дида, ба бемористон бурда шуд, лекин наҷоти ӯ муясссар нагардид, хабар доданд аз раҳбарияти кон.

“Вақти ба берун баромадан аз қитъа коргарон аз газ заҳролуд шуданд. Онҳоро кормандони корхонаи истихроҷи ангишти “Ангишт” ва гурӯҳи ҳарбии дастаи кӯҳии имдодгарон ҳамроҳӣ карданд. Мутаассифона, наҷоти як нафар муяссар нашуд. Маълумот дар бораи ҷароҳат бардоштани якчанд нафар одамон ва бистарӣ шудани онҳо дар бемористон нодуруст аст”, – хабар дод дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” мудири кулли ҶСК “Ангишт” Насим Каримов.

Зикр шуд, ки шахси ҳалокшуда сардори ҳавзаи ангишти “Сохтмони Шӯроб” Абдуманнон Тошбоеви 61-сола мебошад.

“Ӯ ба беморхонаи марказии Исфара бурда шуда, лекин наҷоташ муяссар нагардид. Ӯ бар асари заҳролудшавии шадид аз газ ҳалок шуд”, – хабар дод раҳбарияти кон.

Абдуманнон Тошбоев ҳамсару ду фарзанд дошт. Ба оилаи ӯ аз ҷониби раҳбарияти “Шӯроб” ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Айни замон дар қитъае, ки дар он таркиш ба амал омад, корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд. Шоми ҳамин рӯз кори муқаррарии кон барқарор мешавад.

Кони Шӯроб яке аз калонтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар он ангишти бӯр истихроҷ карда мешавад. Нақби чуқуриаш баробар ба 500 метр чуқуртарин кони ангишт дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.