Роҳбари МТС: бесаводии динӣ дар Тоҷикистон ба мушкилот табдил меёбад

Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ (экстремизм) таҷрибаи бой андӯхтаанд ва шумораи шаҳрвандони мамлакати мо дар сафи чунин ташкилотҳо кам шуда истодааст. Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и ҷумҳурӣ Хуршед Зиёӣ зимни нишасти матбуотии имрӯз, 26 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар боз як вазъияти хатарноки марбут ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ (экстремизм) таҷрибаи бой андӯхтаанд ва шумораи шаҳрвандони мамлакати мо дар сафи чунин ташкилотҳо кам шуда истодааст.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и ҷумҳурӣ Хуршед Зиёӣ зимни нишасти матбуотии имрӯз, 26 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар боз як вазъияти хатарноки марбут ба хурофот, ҷаҳолат ва бесаводии динӣ ба мушоҳида мерасад.

"Дини ислом ҳамеша тарафдори некӣ, сулҳ, таҳаммулпазирӣ аст, аммо дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки дар пушти ислом пинҳон шуда, дар байни мардум ғояи ботилро дар бораи дин паҳн мекунанд", – иброз дошт Зиёӣ.

Дар ин робита, директори Марказ қиссаи суҳбати худро чанде пеш бо як ҷавон нақл кард.

«Ман пурсидам, ки чаро ӯ риш мегузорад ва ҷавон посух дод, ки марди бе риш наметавонад фарзанд дошта бошад. Вай гуфт, ки инро мулло дар маҳаллаи онҳо шахсан ба ӯ гуфтааст ”,  – гуфт директори Марказ.

Зиёӣ таъкид дошт, ки чунин муллоҳо дар кишвар имрӯз "назар ба террористон ва экстремистҳо мушкилоти бештар эҷод мекунанд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.