Дар Душанбе се наврас ба гумони куштани ҳамсолашон дастгир шуданд

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор се нафар наврасон – сокинони пойтахтро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо бар асоси аризаи сокини 59-солаи маҳаллӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯйи далели куштори набераи ӯ дастгир шудаанд. Дар ариза зикр шудааст, ки бар асари лату кӯб […]

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор се нафар наврасон – сокинони пойтахтро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо бар асоси аризаи сокини 59-солаи маҳаллӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯйи далели куштори набераи ӯ дастгир шудаанд.

Дар ариза зикр шудааст, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби ин нафарон, наврас ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Боздоштшудагон рӯзи 24 июл дар қаламрави маҳаллаи 64-уми пойтахт бидуни ягон сабабе сокини 15-солаи Душанберо то марг лату кӯб кардаанд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагони боздоштшу да ҳамагӣ 13, 14 ва 15-солаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...