Тоҷикистонро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар чанде аз ноҳияҳои кишвар тӯфони чангу ғубор, фаромадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст. Тавре Агентии обуҳавшиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 27-30 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25м/с дар назар буда, дар минтақаҳои […]

Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар чанде аз ноҳияҳои кишвар тӯфони чангу ғубор, фаромадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст.

Тавре Агентии обуҳавшиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 27-30 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25м/с дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар давраи рӯзҳои 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 26-29 июли соли ҷорӣ дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 1200 то 1500  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.

Зикр мегардад, ки баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии НТҶ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад. Дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки  ҳушёриро аз даст надода, солимии худро эҳтиёт кунанд ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш, бо истифода аз фурсатҳои мусоид селроҳаву наҳр ва ҷуйборҳоро аз партову дигар ифлосиҳо тоза намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.