Вазири меҳнат: Боло бурдани синни нафақа дар кишвар ҳанӯз барвақт аст

Вазири меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода пешниҳоди баланд бардоштани синни нафақа дар Тоҷикистонро ҳанӯз барвақт донист ва гуфт, ки ин аз ҳар ҷиҳат ба масоили демографии кишварҳо вобаст аст. Ӯ зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки баланд бардоштани синни нафақа хоси кишварҳое аст, ки аз лиҳози демографӣ танқисӣ мекашанд, зоиш […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода пешниҳоди баланд бардоштани синни нафақа дар Тоҷикистонро ҳанӯз барвақт донист ва гуфт, ки ин аз ҳар ҷиҳат ба масоили демографии кишварҳо вобаст аст.

Ӯ зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки баланд бардоштани синни нафақа хоси кишварҳое аст, ки аз лиҳози демографӣ танқисӣ мекашанд, зоиш нест, маргу мир зиёд аст ва дарозумрӣ ҳам дар он кишварҳо тӯлонитар аст. 

Чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфтанд, мехоҳанд, синни нафақаро барои мардон аз 63 ба 65 ва барои занон аз 60 ба 62 боло бардоранд ва яке аз ниҳодҳое, ки зидди ин тарҳ баромадааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аст.

Амонзода гуфт, ки ин пешниҳод аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар тобеияти вазорат аст, рад карда шуд.

Ба таъкиди вай, ин пешниҳод то ёфтани асосҳои илмии он дар кишвар мавқуф мемонад.

Ӯ дар шарҳи рад кардани ин пешниҳод гуфт, ки қабл аз гирифтани чунин тасмимҳо бояд руҷӯъҳои бештари илман асоснокшуда таҳия шаванд ва ҳар санаде, ки қабул мегардад, бояд бо асоси илмӣ мавриди амал қарор бигирад.

Вазири меҳнати Тоҷикистон гуфт, дарозмурӣ дар Тоҷикистон барои мардон 75 ва барои занон 76 аст ва дар сурати боло бурдани синни нафақа “барои истироҳат ва фаъол нигоҳ доштани ҷисми инсон фурсати кам боқӣ мемонад ва ҳормонҳои ҷисмии одам ҳам намегузорад, ки бо таъмини самаранокӣ кор кунад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст