Нархи бензин дар Тоҷикистон бесобиқа боло рафт

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳама молу маҳсулоти дигар дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар бензин қимат шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Дар давраи зикршуда нархи миёнаи чакана (бо назардошти тамоми навъҳои бензин)-и ин навъи сӯзишвории автомобилӣ ба андозаи 44,5% афзоиш ёфт. Тайи як моҳи охир бензин дар нуқтаҳои фурӯши […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳама молу маҳсулоти дигар дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар бензин қимат шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар давраи зикршуда нархи миёнаи чакана (бо назардошти тамоми навъҳои бензин)-и ин навъи сӯзишвории автомобилӣ ба андозаи 44,5% афзоиш ёфт. Тайи як моҳи охир бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 2,2% қимат шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон маъмулан 3 навъи бензин ворид ва фурӯхта мешавад: АИ-92, АИ-95 ва АИ-98.

Дар байни онҳо бинобар сабаби арзонтар будан, серталабу маъмултаринаш бензини навъи АИ-92 мебошад.

Тоҷикистон байни кишварҳои камдаромад қарор дошта, тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷумҳурӣ ҳанӯз пеш аз пандемия қишри камбизоати аҳолӣ дониста мешуданд ва акнун, бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, пандемия танҳо ба афзоиши бештари сафи камбизоатон боис гардид.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, болоравии тадриҷии арзиши бензини навъи АИ-92 пас аз якбора коҳиш ёфтани нархи чаканаи он дар моҳҳои март-апрели соли 2020 то 28% (аз 7,21 то 5,19 сомонӣ барои 1 литр), моҳи майи соли гузашта оғоз ёфт .

Ҳарчанд аҷиб ба назар расад ҳам, ин навъи бензин расо баъди як сол – моҳҳои март-апрели соли равон боз ба ҳамон андозаи 28% ( аз 7,02 то ба 9,17 сомонӣ) қимат шуд. Дуруст аст, ки моҳи майи соли равон нархҳо каме поин рафтанд, аммо дар моҳи июн боз афзоиши 2,2% ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳоли ҳозир як литр бензини АИ-92 дар пойтахт 8,9 сомонӣ арзиш дорад. Дар бораи нарх дар минтақаҳо маълумот дар ихтиёр надорем.

Инчунин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бино ба маълумоти Агентии омор, дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ низ хеле қимат шуданд: сӯзишвории дизелӣ – ба андозаи 31,7% ва гази моеъ – 20,1%.

Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 146 млн доллар наздики 262 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн ба андозаи 11% ва аз лиҳози арзиш – 1,1% кам шуд.

Русия таҳвилгари асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон боқӣ монда, қисми зиёди гази моеъ аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст