Токио-2020: Темур Раҳимов аз ҳарифи гурҷиаш шикаст хӯрд

Имрӯз, 30-юми июл, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал ба намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба карда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд. Ҳамин тавр, чор нафар ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми июл, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал ба намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба карда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд.

Ҳамин тавр, чор нафар ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) сабқати худро бидуни медал ба анҷом расониданд.

Ду варзишгари дигар дар намуди бокс – Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехурад.

Имрӯз, ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 67 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 41 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.