Комроншоҳи Устопириён барои бохташ дар Олимпиада узр пурсид

Паҳлавони маъруфи тоҷик, ҷудокор Комроншоҳи Устопириён барои бохташ дар Олимпиадаи Токио аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон маъзарат хост. “Дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шудам. Аз тамоми мардуми азизам узр мехохам, ки натавонистам ҳунари худро нишон диҳам”, – гуфта мешавад дар муроҷиати дар аккаунти Instagram нашршудаи варзишгар. Дар шарҳ ба ин навиштаи варзишгар корбар @parviz.norov.9 зикр кардааст, […]

Asia-Plus

Паҳлавони маъруфи тоҷик, ҷудокор Комроншоҳи Устопириён барои бохташ дар Олимпиадаи Токио аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон маъзарат хост.

“Дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шудам. Аз тамоми мардуми азизам узр мехохам, ки натавонистам ҳунари худро нишон диҳам”, – гуфта мешавад дар муроҷиати дар аккаунти Instagram нашршудаи варзишгар.

Дар шарҳ ба ин навиштаи варзишгар корбар @parviz.norov.9 зикр кардааст, ки қабл аз сафар ба Токио Комроншоҳ 20 рӯз аз коронаи дунёгир табобат гирифт, 10 рӯз дар беморхона бистарӣ буд.

Ин корбар чунин мешуморад, ки дар набардаш шояд қувваи гирифтаи ин беморӣ эҳсос гардид.

Ба сурати умум, дар шарҳҳо аз варзишгар дастгирӣ ва даъват мешавад, ки ба рӯҳафтодагӣ наафтад. Инчунин дар фаъолияти минбаъдаи ҷудокор комёбиҳо орзу шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28 июл дар вазни дараҷаи то 90 кг дар қувваозмоӣ бо ҷудокори фаронсавӣ Аксел Клерже шикаст хӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.