Хадамоти гумрук: савдои дуҷониба бо Қирғизистон 4 млн доллар кам шуд

Дар робита ба рӯйдодҳои тайи 2 моҳи ахир тиҷорат бо Афғонистон ва транзити мол тавассути ин кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 30 июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода хабар дод. "Агар моҳҳои январ-феврал ҳар рӯз то 50 мошин марзро убур мекард, ҳоло ҳамагӣ 2-3 мошин […]

Дар робита ба рӯйдодҳои тайи 2 моҳи ахир тиҷорат бо Афғонистон ва транзити мол тавассути ин кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 30 июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода хабар дод.

"Агар моҳҳои январ-феврал ҳар рӯз то 50 мошин марзро убур мекард, ҳоло ҳамагӣ 2-3 мошин ва баъзан рӯзҳо ягон мошин ҳам нест", – гуфт ӯ.

Илова бар ин, бинобар рӯйдодҳо дар сарҳад, савдои дуҷониба бо Қирғизистон 4 млн доллар кам шудааст.

«Ҳоло транзити мол тавассути ин кишвар қариб амалӣ намешавад. Мошинҳои боркаш аз Русия бо молу маҳсулот тавассути Қирғизистон меомаданд. Ҳоло мо алтернатива пайдо кардем – мошинҳои боркаш тавассути Ӯзбекистон меоянд. Ҳозир 6 мошини боркаш бо молҳои Тоҷикистон дар Қирғизистон банд мондаанд, аммо ин масъала ҳал мешавад ”, – иброз дошт ӯ.

Хуршед Каримзода ҳамчунин гуфт, дар нимаи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,9 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% бештар аст. Ба гуфтаи вай, аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 1 млрд 870 млн доллар ба воридот ва каме бештар аз 1 млрд доллар ба содирот рост меояд.

Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми воридот 24% ва содирот – 64% афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии савдо ҳиссаи воридот зиёда аз 63% ва содирот тақрибан 36%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи асосии содиротро минерал ва консентратҳо – 15,4%, нахи пахта – 7,1%, алюминий – 6,9%, семент – 2,6%, риштаи пахта – 2,4%, мева ва сабзавот – 1,2% ташкил доданд. Ҳаҷми асосии содирот ба Швейтсария рост меояд – 50,9%. Баъдан Қазоқистон – 15,4%, Туркия – 11,1%, Чин – 4,5%, Ӯзбекистон – 4,3%, Бельгия – 3,5% ва Афғонистон – 3,2% қарор доранд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон 95 намуди молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Асосиашон инҳоянд: маҳсулоти нафтӣ – 7,8% аз ҳаҷми умумии мол, гандум – 5,8%, гази моеъ – 5,6%, мошинҳои сабукрав – 3,6%, равғани растанӣ – 2,8%, чӯб – 1,8%, шакар – 2,2% , нуриҳои минералӣ – 1,5%, мева ва сабзавот – 1,5%.

Таҳвилгарони асосии мол ба Тоҷикистон Русия – 26,5% (аз ҳаҷми умумии молу маҳсулот), Қазоқистон – 21,3% ва Чин – 17,2% мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Каримзода зикр кард, ки дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон ягон дона тухм ворид нашуда, ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ 13 млн доллар коҳиш ёфтааст.

"Ин натиҷаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизот ва мавод барои рушди паррандапарварӣ дар кишвар мебошад", – афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.