Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуд. Кумитаи амният ӯро бозпурсӣ мекунад

Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуда ва бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, хабар медиҳанд. Бино ба иттилои торнамои svodka.akipress.org  бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон,  Аскар Акаев дар доираи парвандаи  лоиҳаи "Кумтор" дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд ва акнун ӯ ба Қирғизистон оварда […]

Asia-Plus

Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуда ва бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои торнамои svodka.akipress.org  бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон,  Аскар Акаев дар доираи парвандаи  лоиҳаи "Кумтор" дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд ва акнун ӯ ба Қирғизистон оварда шуда ва ба дасти мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст. 

Аскар Акаев дар баробари мансабдорони дигари баландпояи Қирғизистон ба далели фасод дар созишномаи лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйиру иловаҳо ба он дар соли 1994 ва таҷдиди сохтории созишномаи генералӣ бо ширкати «Камеко» дар соли 2003 муттаҳам мешавад. 

КДАМ Қирғизистон,  ҳамчунин дар хабарномааш гуфтааст, ки "КДАМ дар раванди тафтишот барои барқарор кардани адолат дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани Аскар Акаев фаъолона кор карда, 2-юми агуст ӯро ба ҳудуди ҷумҳурӣ овард".

КДАМ ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир Аскар Акаев ба дасти Гурӯҳи ктафтишотии байниидоравӣ супурда шудааст ва дар ҳоли ҳозир Акаев дар бинои КДАМ қарор дорад.

 Ин ниҳод гуфтааст, ки дар мавриди тасмими минбаъда бар сари Акскар Акаев иловатан хабар медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.