ВКД: аъзои ҲНИТ ва ДИИШ мехостанд дар Исфара, Фархор ва Ваҳдат ҳодисаҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз се ҳодиса ё ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар нашиасти имрӯзаи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки ин ҳодисаҳоро аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ қасд доштанд, содир кунанд.

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода аз ин қазияҳо, як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду  суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат бояд сурат мегирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо пешгирӣ кард. 

Ин дар ҳолест, ки ВКД мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали имсол 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард:

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ансоруллоҳ” – 9 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...