Вазири дохила: “Лату кӯби вазири тандурустиро ман бори аввал мешунавам, арзу шикояте нест”

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, лату кӯб шудани вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон таъйид накард. Раҳимзода дар нишасти хабарии имрӯзи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки "дар ин бора якумбор мешунавад. То кунун арзу шикояте ворид нашудааст. Мо ҳам аз интернет хондем, аммо ягон гапе нест". Ин дар ҳолест, ки […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, лату кӯб шудани вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон таъйид накард.

Раҳимзода дар нишасти хабарии имрӯзи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки "дар ин бора якумбор мешунавад. То кунун арзу шикояте ворид нашудааст. Мо ҳам аз интернет хондем, аммо ягон гапе нест".

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуда буд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаъи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъди фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд. Норозигии онҳо гӯё замоне он сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.

Мувофиқи хабаре, ки ин манбаъ расонаӣ карда буд, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд. Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.