Сомон Маҳмадбеков бо хонаводааш мехоҳанд дар ВМКБ мактаби ҷудо боз кунанд

Баъди бозгашт аз Бозиҳои олимпии Токио ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва аҳли оилаи ӯро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ оилаи Маҳмадбековҳо изҳор намуданд, ки мехоҳанд дар ВМКБ мактаби варзишии ҷудо боз кунанд. Дар вохӯрӣ ба ҷуз Сомон, писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков, нахсутин тоҷике, ки медали тиллои мусобиқоти ҷудои "Тоскулоҳи бузург" – Grand […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Баъди бозгашт аз Бозиҳои олимпии Токио ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва аҳли оилаи ӯро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ оилаи Маҳмадбековҳо изҳор намуданд, ки мехоҳанд дар ВМКБ мактаби варзишии ҷудо боз кунанд.

Дар вохӯрӣ ба ҷуз Сомон, писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков, нахсутин тоҷике, ки медали тиллои мусобиқоти ҷудои "Тоскулоҳи бузург" – Grand Slam (Қазон-2021)-ро соҳиб шудааст ва амакҳояш, муррабиёни маъруфи ҷудо Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо ҳузур доштанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.

Маҳмадбековҳо зодаҳои ноҳияи Ванҷи ВМКБ буда, тобистон барои айёдати хешутабор ва тамринҳои тобистонӣ ба Бадахшон омадаанд.

Айни ҳол Сомон дар вилояти Иркутски Русия истиқомат дошта, дар Бошгоҳи ҷудои  "MORI", ки аз сӯйи Эргаш Маҳмадбеков таъсис шудааст, тамрин мекунад ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Бояд гуфт, ки Эрагш Маҳмадбеков ҳамчунин президенти Федератсияи ҷудо самбои вилояти Иркутск мебошад. 

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки “боиси ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони аст, ки Шумо  зодаи ин Ватан тавонистед дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, парчами миллатро бар фарози парчамҳои мамолики дигар парафшон намоед”.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат Эргаш Маҳмадбеков таклиф намуд, ки бо ҳамроҳии бародарзодаҳояш барои наврасону  ҷавонон як толори куштӣ ва мактаби ҷудо  бунёд намуда, онро бо устодони арзанда таъмин намояд.

Ёдгор Файзов иқдоми ин оилаи варзишгарро хуб пазируфта зикр кард, ки ҷихати мустаҳкамтар нигоҳ доштани равобити варзишгарон Маҳмадбековҳо бо дӯстдорони гӯштини вилоят як вохӯрии озодро ташкил намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси вилоят барои меҳмонони олиқадр  туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барои фатҳи куллаҳои нави варзиш комёбиҳо таманно намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.