Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таъсис шуд

Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодиро таъсис додааст. Дар ин бора торнамои "Овози Самарқанд" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, бахши тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон дар шаҳри Самарқанд ташкил шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир бахши тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодӣ 6 нафар узв дорад ва раисии онро шоири шинохтаи аҳли Сарақанд Асадуллоҳ […]

Asia-Plus

Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодиро таъсис додааст. Дар ин бора торнамои "Овози Самарқанд" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, бахши тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон дар шаҳри Самарқанд ташкил шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир бахши тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодӣ 6 нафар узв дорад ва раисии онро шоири шинохтаи аҳли Сарақанд Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) ба дӯш дорад.

Гуфта мешавад, ки таъсиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон  дар рости таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо дар ин кишвар сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир адибоне чун Зоҳир Ҳасанзода, Маликаи Бахтиёр, Нормурод Каримзода, Нусрат Раҳим ва Раҳимҷон Наимӣ узви ин бахш мебошанд.

Роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, гуфтааст, ки "ташкил ёфтани шӯъбаи тоҷикӣ барои боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои адабӣ хидмат менамояд".

Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд, ҳар рӯзи панҷшанбеи ҳафта, соати 10:00 дар бинои шӯъбаи вилоятии Иттифоқ нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади эҷодкорони тоҷик баргузор мешавад ва масъулони ин бахш гуфтаанд, ки "ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз синну сол метавонанд дар ин тадбири адабӣ иштирок намуда, эҷоди худро сайқал диҳад".

Равобити Тоҷикистони Ӯзбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар ҳамаи заминаҳо беҳтар шуда, ҳоло ин кишвар ба яке аз шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон табдил шудааст. Дар замони ҳукумати Ислом Каримов, пас аз солҳои  2000-ум Ӯзбекистон бо Тоҷикистон равобити бисёр сард дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.