Коронавирус дар Тоҷикистон: 74 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19

Ба ҳолати то шоми 3 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 74 нафар зиёд шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 293 нафар расид. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия то ин муддат бетағйир […]

Asia-Plus

Ба ҳолати то шоми 3 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 74 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 293 нафар расид.

Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия то ин муддат бетағйир боқӣ монда, 121 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 788  нафар ё худ 96,7%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 83 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Чанде пеш маълум шуд, ки президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст.

“Ман шахсан ваксина гирифтам, – гуфтааст президент зимни вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ. – Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред. Ин бемориро саҳл нагиред”.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксин: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин воксин задаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.