Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 август Никол Пашинянро дар робита таъин гардидан ба мансаби олии сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрику таҳният гуфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва омода аст, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 август Никол Пашинянро дар робита таъин гардидан ба мансаби олии сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва омода аст, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳад.

“Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки қаблан президенти Арманистон дар бораи сарвазири кишвар таъин шудани номзади аз ҷониби фраксияи "Гражданский договор" пешниҳодгардида Никол Пашинян амр ба имзо расонид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.