Дар ҷануби кишвар машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон ба поён мерасанд

Машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, наздикии марз бо Афғонистон, ки аз 1 август оғоз шуда буд, имрӯз, 10 август ба поён мерасад. Дар марҳилаи хотимавии машқҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини аввали вазири мудофиа – сардори Ситоди куллии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳамедов ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, наздикии марз бо Афғонистон, ки аз 1 август оғоз шуда буд, имрӯз, 10 август ба поён мерасад.

Дар марҳилаи хотимавии машқҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини аввали вазири мудофиа – сардори Ситоди куллии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳамедов ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҳузур хоҳанд дошт, хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори маркази матуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода.

Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ҷараёни тамринҳо низомиён омодагиро ба гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки нирӯҳо барои шикаст додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, мавриди санҷишу амал ва таҷриба қарор доданд.

Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи се давлат маҳв кардани гурӯҳҳои тундгарои террористиро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ машқ мекунанд.

Дар вақти берун аз машқҳо низомиён ин гуна вақти худро мегузаронанд. Навори видеоии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар ин бора.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.