Сомон, Шаббос, Илдар: унвонҳои соҳавӣ ба ширкаткунандагони олимпиадаи Токио: ИСЛОҲШУДА

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба се варзишгари маъруфи тоҷик, ширкаткунандаҳои Бозиҳои Олимпии “Токио-2020”,  Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Илдар Аҳмадиев унвони соҳавии бахши варзиш тақдим кардааст. Дар ин бора аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дирӯз гуфта мешуд, ки ба Анастасия Турина низ унвони соҳавӣ дода шудааст, вале […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба се варзишгари маъруфи тоҷик, ширкаткунандаҳои Бозиҳои Олимпии “Токио-2020”,  Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Илдар Аҳмадиев унвони соҳавии бахши варзиш тақдим кардааст. Дар ин бора аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дирӯз гуфта мешуд, ки ба Анастасия Турина низ унвони соҳавӣ дода шудааст, вале дар Кумитаи ҷавонон хабари унвонгирии Тюринаро таъйид накарданд.

Манбаъ гуфт, ки дирӯз, дар чорабинӣ ба ифтихори “Рӯзи варзишгарон” раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба як қатор варзишгарон ва собиқадорони соҳа  унвонҳои ифтихории соҳавӣ супурд.

Ба гуфтаи манбаъ, ки ба Сомон Маҳмадбеков ва Шаббос Неъматуллоев унвони "Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаҳои ҷудо ва бокс  дода шудааст. Ба Илдар Аҳмадиев унвони "Устоди варзиши Тоҷикистон" дар риштаи варзиши сабук тақдим шудааст. Ин унвон ба онҳо барои дастовардҳои баландашон дар риштаи варзиши ҷудо, бокс ва варзиши сабук дода шудааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш мегӯяд, ки унвонҳоро ба ин варзишгарон барои дастовардҳои варзишӣ то ширкат дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 додааст.

 

Ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ба дигар варзишгарону собиқадорони риштаи варзиш унвонҳои ифтихории соҳавӣ низ тақдим шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори дигар варзишгарони тоҷик Сомон, Шаббос ва Илдар низ дар Олимпиадаи Токио-2020 ширкат варзиданд. Имсол тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои лимпӣ ҳеч медале натавонист ба даст биорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?