“Политико”: Эҳтимоли басташавии сафорати Амрико дар Кобул

Date:

Нашрияи амрикоии "Политико" хабар додааст, ки Амрико бар пайи ҳамлаҳои ахири "Толибон" ба дунболи бастани сафоратхонааш дар Кобул аст.

Ин нашрия аз қавле се манбаи огоҳ аз қазия дар дохили ҳукумати ИМА навиштааст, ки "давлати Амрико дар ҳоли баррасии чандин гузина, аз ҷумла эҳтимоли бастани сафорати худ дар Кобул аст". 

Як манбаи огоҳ аз Вазорати корҳои хориҷии ИМА ба нашрияи "Политико" гуфтааст, ки "мо таҳдидҳои амниятиро барои  тасмимгирӣ дар мавриди амнияти коркунони худ дар сафорат дар Кобул арзёбӣ мекунем".

Як манбаъ ба нашрия бо ишора ба ин ки, сафоратхонаи Амрико дар Кобул эҳтимол дорад дар поёни моҳи ҷорӣ тахлия (холӣ) шавад гуфтааст, ки ҳамчунин гуфтугӯҳо дар давлат дар бораи ин низ аст, ки ба чи теъдод корманд дар Кобул ниёз аст.

Вазорати хориҷаи ИМА ҳам гуфтааст, ки "мавқеи мо тағйир накардааст ва дар мавриди  афроде, ки дар сафорати мо машғули хидмат ҳастанд, низ тасмимҳое хоҳем гирифт, то онҳоро амн нигоҳ дорем".

Ин дар ҳолест, ки  ки шоми чоршанбе, як мақоми вазорати дифои амрико бо нақл аз манобеи истихборотии ин кишвар ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки гуруҳи "Толибон" метавонанд пойтахти Афғонистонро дар зарфи 30 рӯз муҳосира ва дар 90 рӯз тасарруф кунанд. 

Толибон то кунун марказҳои бештар аз 9 вилояти Афғонистонро дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар тасарруф кардаанд ва гуфта мешавад, ки наздик ба дусад вулусволиро низ дар сар то сари Афғонистон дар ихтиёр доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...