Хабари оташбаси 6-моҳа дар Афғонистон: 95 дар сад мувофиқа шудааст

Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки қарор аст имрӯз дар Давҳаи Қатар оташбаси 6-моҳа миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бо талошҳо ва подармиёнии Амрико ба имзо бирасад.  Tolonews хабар медиҳад, ки сари ин тарҳ ҷонибҳо 95 дар сад тавофуқ кардаанд  ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Қатар бо гуруҳи "Толибон" бар сари […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки қарор аст имрӯз дар Давҳаи Қатар оташбаси 6-моҳа миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бо талошҳо ва подармиёнии Амрико ба имзо бирасад. 

Tolonews хабар медиҳад, ки сари ин тарҳ ҷонибҳо 95 дар сад тавофуқ кардаанд  ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Қатар бо гуруҳи "Толибон" бар сари раиси ояндаи давлат гуфтугузор доранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ се рӯз аст, ки дар Қатар қарор дорад ва пойтахти ин кишвар нишасти "Тройкои тавсеаёфта" бо ҳузури намояндаҳои Амрико, Русия, Чин, Покистон ва ҳайати ҳукумати Афғонистону гуруҳи Толибон идома дорад. 

Аммо то кунун дар ин бора ҳукумати расмии Кобул ё Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чизе нагуфтааст.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз дирӯз изҳороти гуногуни мақомҳои хориҷӣ дар мавриди аз қудрат канор рафтани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон зиёд мешавад. 

Дирӯз, Имрон Хон нахуствазири Покистон ба хабарнигорон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки то даме Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.

Шоми дирӯз, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Амрико дар тамосҳои телефонии ҷудогона аз Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки канор биравад то "Толибон" бар сари мизи музокирот биншинанд.

Аммо Ғанӣ то кунун ба ин дархостҳо посух надодааст ва ҳоло мушаххас нест, ки дар ин тавофуқномаи оташбас мавзуъи аз ҳукумат канор рафтани Ғанӣ мушаххас шудааст ё не.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.