Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯйи “Толибон” вазири фарҳангу иттилооти Афғонистон шуд

Date:

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯйи пешини гуруҳи "Толибон" вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон таъин шуд. Дар ин бора бархе аз расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.

Телеграмканали телевизиони Тулуънеюс дар як хабари кӯтоҳ хабар дод, ки "Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба унвони вазири фарҳанг ва иттилоот муаррифӣ шуд". 

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки Толибон ҳамчунин вазири сиҳати омма ё тандурустияшонро низ таъин кардаанд ва дар чанде аз вилоятҳои волиёнашон низ ба кор пардохтаанд.

Ҳамчуни дар шаҳри Кобул омирони амниятии ҳавзаҳои гуногуни  ва пулисро низ таъин кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" мегӯянд, ки мунтазири натиҷаи музокироти раҳбарони сиёсияшон бо сиёсатмадорони Афғонистон мемонанд ва сохтори низом ва навъи низомро онҳо мушахаас мекунанд.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дирӯз баъди ворид шуданаш ба Кобул ба унвони сухангӯйи ин гуруҳ гуфт, ки навъ ва сохтори давлат баъдан маълум мешавад, аммо "ҳукумати ояндаи Афғонистон як ҳукумати қавии исломӣ хоҳад буд".

Дар ҳамин ҳол, Анас Ҳаққонӣ – узви ҳайати музокиракунадаи "Толибон" дар Қатар ба Кобул омадву бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай муллоқот кардааст. Ин дидор дар хонаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ сурат гирифтааст, аммо  ҷузъиёти ин дидор ҳанӯз расонаӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...